• Статистика

  • Blog Stats

    • 607 639 hits
  • Flag Counter

Валиҷон Азизов: БА РӮЗНОМАНИГОРОН ГАПБОФӢ НАМЕЗЕБАД

Валичон - Марям

Валичон — Марям

Инсон дар зиндагӣ худ мӯъҷизаи нотакрори офаридаи Худованд аст. Аммо боз нафароне ҳастанд, ки бо рафтору кирдор ва рангу ҷилои ғайриоддии худ аз дигарон фарқ мекунанд ва байни мардум маҳбубияти хосаеро соҳиб гашта, онҳоро сӯяшон моил менамоянд. Валиҷон Азизов аз зумраи чунин ҳунармандонест, ки тӯли фаъолияти 11-солаи ҳунарии хеш садҳо нигоҳҳо ва ақлҳоро сӯяш хондааст.

Ӯ бо таронаҳои ошиқонаву садои гуворои хеш кайҳост, ки қалбҳои ташнагони суруди ҷаззобро сероб гардондааст. Валиҷон ҳамеша ошиқ аст — ошиқи табиати афсункори Тоҷикистон ва ошиқи зиндагиву Худованд. Ва ӯ ин эҳсоси қалби худро бо таронаҳои гӯшнавозаш ба ҳаводорони хеш эҳдо месозад. Сурудҳои ошиқонаи Валиҷон дар байни ҷавонон мӯд шудааст, зеро ки суруди ишқ аст, ки мӯъҷизаи асрори муҳаббатро ба рӯйи онҳо боз мекунад ва касро боз ҳам ошиқтар месозад.

Ман мухлиси- Валиҷон Азизов ҳастам. Ба он кас дар ҷодаи санъат барору комёбӣ хоҳонам. Сурудҳои нави шуморо интизорам. Аз Шумо хоҳиш дорам, ки як консерти худро дар ш. Норак баргузор намоед. Зеро дар Нораки мо низ ҳаводорони асилатон зиёданду таронаҳои ошиқонаатонро бо дилу ҷон пазируфтаанд. Донистан мехостам, ки Шумо чанд фарзанд доред ва барои тарбияти онҳо дояи махсусро таъин кардаед? Бо эҳтиром, Момагули норакӣ.

-Насиб карда бошад, ҳатман ба шаҳри Норак низ рафта консерт баргузор хоҳам кард. Ман соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Мадина синфи якум мехонад. Самир ва Сумая боғча мераванд. Барои фарзанди хурдиам нигаҳбоне ҳаст.

Ман мухлиси ашаддии акои Валиҷон Азизов . Акои Валиҷон, ҳама вақт тансиҳату хонаобод бошед. Шумо беҳтарини беҳтаринҳо мебошед. Мисли шумо касе овози форам надорад. Шумо аз Садриддину Ҷонибек ва аз ҳама сарояндаҳои ҷаҳон беҳтаринед, инро қабул кунед ва ҳеҷ вақт худро аз ягонтаи онҳо кам нагиред. Сурудҳои нави шуморо бесаброна интизорам. Як мухлиси ашаддии шумо аз д. Ворух Шодик Хана.

-Додари азиз, ташаккур барои қадрдонӣ. Садриддин ва Ҷонибек дӯстони беҳтаринам мебошанд ва мо ҳамдигарро эҳтиром мекунем.

Салом, ман мухлиси Валиҷони Азиз ҳастам. Мехоҳам акаи Валиҷонам суруде бо номи «Умеда» сароянд.

-Хоҳари азиз Умеда, насиб бошад, суруде таҳия хоҳам кард, ки ба ҳамаи духтарони нозанини тоҷик бахшида мешавад.

-Салом, кормандони ҳафтаномаи “Дилкушо”. Паёми маро ба акаи Валиҷони Азиз расонед. Ман як мухлиси ҳамешагии он кас буда, тӯли 13 сол аст, ки дар ҷустуҷӯяшон ҳастам. Мехоҳам бо Валиҷон сӯҳбат кунам. Рақами телефонам: 938505354. Илтимос, барои бо ин ҳунарманди писанди дилам ҳамсӯҳбат гардидан кӯмакам намоед. Нуров Амирҷон аз ш. Роғун.

-Додарам Амирҷон, ташаккур барои қадршиносиву ихлосмандиатон. Ман ҳатман бо шумо дар тамос хоҳам шуд.

Уважаемый Валиджон Азизов, мы ваши поклонники из г. Нурека Ясмина и Жасмина. Желаем вам всего наилучшего, удачи.

-Сипосгузорам аз орзуҳои неку самимиатон. Саломату пирӯз бошед, хоҳарони азиз Ясмина ва Жасмина.

Салому паёми хешро ба сарояндаи нотакрори тоҷик — Валиҷони Азиз мерасонам. Аз Валиҷон пурсиданиям, ки консерти навбатиатон кай ва дар куҷо баргузор мегардад. Ба ин саволам Валиҷон ҷавоб гардонад. Мухлиси Шумо аз деҳ. Ворух. Фарангиз.

-Консерти навбатии ман, иншоолоҳ, мешавад. Кай ва дар куҷо буданашро албатта нафарони ташкилкунандаи консертҳо муайян месозанд.

 -Ба ҳунарманди писандидаам Валиҷон Азизов гуфтаниям, ки Шумо беҳтарин сарояндаи тоҷик ҳастед. Бароятон дар ҷодаи санъат бурдбориҳо таманно дорам, овозатон хаста нагардаду ҳамеша дар паноҳи Худо бошед. Бигӯед, ки овозаҳо шуморо хаста намесозанд? Мунира, аз ш. Исфара

-Воқеан, ин саволатон бамаврид аст имрӯз. Дар як рӯзномае хондам, ки гӯё ман аз Садриддин қарздорам ва гапамон гурехтааст. Мо бо Садриддин, ки хеле муносибати самимӣ дорем, ин навиштаро хонда, аз таҳти дил хандидем. Аммо аз ин рафтори масъулони он рӯзнома, ки ба хотири бозоргир шудани рӯзномаашон як ҳунармандро бадном мекунанд, дар ҳайратем. Магар ба шаъни рӯзноманигорон чунин гапбофӣ мезебад? Барои чӣ мардумро фиреб медиҳанд? Имрӯз аксари мардуми мо бомаърифатанд ва онҳо аз чунин ҳафтаномаҳои тӯҳматбоф дар ҳазаранд. Худо нишон надиҳад аз қарздорӣ!

-Саломи худро ба булбули саҳнаи тоҷик Валиҷон Азизов мерасонам. Овозатон ба дарди ҳама даво аст. Ман фикр мекунам, ки дар суруди “Нагирям” Шумо барои кадом рафтори беаҳдонаи нозанине худро тасаллӣ дода, аз гиря худдорӣ карданӣ ҳастед. Мухлиси ашаддии Шумо Нилуфари конибодомӣ.

— Ин шеъри шоираи шинохта буда, ба он оҳангсози нотакрор Даврони Раҳматзод оҳанг бастааст. Агар ба санъаткор оҳанг писанд ояд, новобаста аз дарди дили кӣ буданаш онро месарояд. Ман, албатта, барои касе махсус намегирям. Аз дили ҳамаи он ошиқоне месароям, ки набояд гиря кунанд. Манзурам он ки ҷавонон дар роҳи ишқ устувор бошанду барои ҳар ноомаде ашк нарезанд ҳаргиз.

-Салому гарму ҷӯшони худамро ба ҳамаи хунармандони ватанӣ мерасонам, махсусан, ба Валиҷони Азиз. Валиҷон, овозатон хаста нагардад, ба Шумо бурдбориҳо, сиҳатӣ ва умри дароз таманно дорам. Хушбахт ва азизи Худованд бошед. Донистан мехостам, ки барои мо мухлисонатон чӣ навгоние доред? Дуогӯи Шумо ДУХТАРИ ДЕҲОТӢ РУСАЛОЧКА

-Айни замон дар пайи ҷустуҷӯву эҷодҳо ҳастам, иншоолоҳ, охири моҳ сабти як клипи нав дар назар аст ва он, насиб бошад, моҳҳои октябр ба дасти ҳаводоронам мерасад. Фикр мекунам, дар албоми нави ман “Худо бо туст” низ таронаҳои тару тозаи ба дили шумо, мухлисони азизам, наздик гирд оварда шудаанд. Аз шумо, хоҳари азиз ва он нафароне, ки нисбати ҳунари ман меҳру муҳаббат доранд, аз замин то осмон миннатдорам. Ба хонандагони “Дилкушо” саломатӣ ва сарбаландиро таманно намуда гуфтаниам, ки ҳамеша хушбахту хушҳол бошанд ва доим дар даст “Дилкушо”-ро дошта бошанд, ки дилкушои қалбашон бошад.

Марям Узерли: АЗ ТУРКИЯ ГУРЕХТА, ТИФЛАМРО НАҶОТ ДОДАМ

 Марям Узерли актрисаи турктабори Олмон дар шаҳри Кассели Олмон таваллуд ёфтааст. Модараш олмонӣ ва падараш турк буда, оилаашон айни замон дар Олмон маскун аст. Падараш ҳамеша орзу мекардааст, ки дар Аврупо таҳсили худро идома диҳад ва ҳангоми таҳсил дар Олмон ба модари Марям ошиқ мешавад. Онҳо издивоҷ намуда соҳиби чор фарзанд мешаванд. Марям ду бародар (Денни ва Кристофор) ва як хоҳар дорад.

Марям Узерли мактаби маҳорати актёриро дар шаҳри Гамбург хатм намуда, дар чандин филмҳои немисӣ ширкат варзидааст. Дар кастинги филми “Асри мӯҳташам” (“Великолепный век”) ширкат варзида, миёни садҳо довталабон барои иҷрои нақши Хуррам Султон – шоҳбону сазовор мегардад. Ва ин нақш ӯро яке аз шинохтатарин ҳунармандони Туркия мегардонад. Пеш аз банаворгирии давраи чоруми силсилафилми мазкур Марям Узерли якбора тарки Туркия намуд ва муддати зиёд аз мусоҳиба низ худдорӣ кард. Ниҳоят, баъди мутолиаи хабарҳои гуногун дар бораи худ (гарчи табибон инро барояш манъ намуда буданд) ӯ қарор дод, ки ҳақиқати ҳолро баён созад. Иҷрои нақши Хуррамро актрисаи нисбатан калонсолтари турк Воҳида Гердюм бар дӯш дорад ва ӯ бо норизогиҳои мухлисони ашаддӣ созиш мекунад.

Хабарҳо ҳамааш дурӯғанд

 -Марям, бисёриҳо якбора тарки Туркия кардани шуморо ба ноадолатиҳои ҳангоми банаворгирӣ нисбататон раво дидаи коргардонҳои филми “Асри мӯҳташам” алоқаманд медонанд.

-Ман ҳам хабарҳои гуногунро дар ин бобат мутолиа намуда, рости гап дар ҳайрат меафтам. Мехоҳам пеш аз ҳама аз ҳайати ҳунармандони филми мазкур ва шахсан аз продюсери он Тимур Савҷӣ ва ҳамаи тамошобинони ин силсилафилм узр пурсам. Ҳамаи ҳайати эҷодӣ ва Савҷӣ бо ман меҳрубон буданд ва ҳеҷ гуна ноҳақие дар рафтори эшон эҳсос намегардид. Гарчи меҳнати хеле заҳматталаб буд, аммо муҳити аҳлона моро водор намуд, ки ин филми машҳурро мувофиқи табъу завқи тамошобинон офарем.

Беаҳдии Ҷон Атеш маро фирорӣ кард

-Пас маълум, ки сабаби фирори Шумо ягон воқеаи ҷиддие аст? Бисёриҳо Ҷон Атешро сабабгори аслии тарки Туркия карданатон медонанд?

-Рости гап, ману Ҷон Атеш (тоҷири 48-солаи турк ва намояндаи ширкати броккерии «Martin&Martin») ҳомиладориро дар нақша надоштем ва ин бароям ғайриинтизор буд. Аммо бинобар ноҷӯрии саломатии хеш ман натавонистам ҳабҳои зидди ҳомиладориро истеъмол кунам. Ман аҳд карда будам, ки нақши Хуррам Султонро дар силсилафилми “Асри мӯҳташам” то ба охир бозам. Зеро моҳи апрели соли 2013 дар Анталия барои нақшофарӣ дар ин филм сазовори ҷоизаи “актрисаи беҳтарини драма дар соли 2013” гардида будам. Ҷон Атеш зидди ба дунё омадани тифлаки батни ман буд ва маро маҷбур кардан мехост, ки зудтар исқоти ҳамл намоям, аз ин хотир ман фирор кардам. Тифлакам, гарчи ғайричашмдошт шуд, аммо бароям азиз буд ва ман наметавонистам ӯро нобуд созам. Аҳд кардам, ки ӯро ба дунё меорам ва ҳатман рӯзе маро марди ҳақиқӣ дарёфт хоҳад кард.

-Ҳоло Ҷон Атешро чашми дидан надоред?

-Ӯ барои ман дигар вуҷуд надорад, гарчи ман ӯро бахшидаам кайҳо. Ҳоло дар Берлин хонаеро харида, дар интизори ба дунё омадани тифлакам рӯзҳоро паси сар мекунам.

Сюрпризро дӯст медорам

-Шумо аллакай медонед, ки соҳиби духтарча мешавед ё писарча?

-Ман то лаҳзаи охир мехоҳам аз он огоҳ нагардам. Сюрпризро дӯст медорам.

-Рост аст, ки аз интихоби Воҳида Гердюм барои идомаи нақши Хуррам Султон шумо қонеъ нестед?

-Ҳанӯз дар оғоз ба ман Мерал Окай гуфта буд, ки дар охир нақши туро зани калонсол иҷро мекунад. Аммо ман то рӯзи супоридани нақшам тоқат карда натавониста гӯё гурехтам. Воҳида Гердюм ҳунарманди хуб аст ва ман ӯро эътироф мекунам.

Марги нобаҳангом

-Мегӯянд, ки бо муаллифи сенария Мерал Окай (рӯҳаш шод бод) Шумо хеле зиёд унс гирифта будед?

— Маро як дугонаам бо Мерал Окай шинос карду ӯ маро ба кастинг даъват намуд ва ман ғолиб омадам. Дар аввал забони туркиро хуб намедонистам ва аз ин дилгир шуда, мехостам тезтар аз ин ҷо фирор кунам. Аммо худораҳматии Мерал, ки як зани воқеан ҳам меҳрубону аниси дилҳо буд, ба ман бовариву умед бахшид. Ӯ маро хеле хуб дарк мекарду ман ӯро. Мерал ба дилам наздик буд ва мо дар асл бо ҳам унс гирифта будем. Рости гап, марги ӯ маро хеле озурда гардонд. Ёди ӯ ҳамеша дар лавҳи хотирам бо некӣ боқӣ мемонад.

-Кадом рафтори қаҳрамони худ Хуррам Султонро мепарастед?

-Барои ишқ муборизаву ҷаҳду талошҳои зиёд карданашро дӯст медораму халос. Ӯ хислатҳои зишти зиёд низ дорад ва фикр мекунам, ки чунин тоифаи занҳо ба табобати рӯҳшинос ниёз доранд. Бовар мекунед, шояд яке аз сабабҳои асабонияту бемории ман ҳамин нақши душвору асабикунандаро бозиданам бошад.

Ҳангоми истифода аз маводҳои блог истинод ба маҷаллаи «Дилкушо» ҳатмӣ аст.

Оставьте комментарий