• Статистика

  • Blog Stats

    • 607 715 hits
  • Flag Counter

МУҲАММАДРАФӢ ХИСЛАТҲОИ ПАДАРАШРО ДОРАД

22-08-2013 -11Cуруди Муҳаммадрафии Кароматулло қатраи шабнамро мемонад, ки баъди резаборони баҳорӣ ба рӯи зеботарин гулҳо падид меояд.  Лаҳзае, ки дар танҳоӣ бо чашмони пӯшида ба он гӯш медиҳӣ, туро ба сӯйи олами ишқ  мебарад. Ҷаҳони ботинии Муҳаммадрафӣ бо ҳунар сахт марбут буда, шеъру тарона ҳанӯз аз айёми тифлиаш қалбашро ғановату нерӯи тоза бахшидааст. Читать далее

Амир Хон: ИШТИБОҲИ ХУДРО БАХШИДА НАМЕТАВОНАМ

20-06-2013Ӯро сард, ботамкин ва мақсаднок мегӯянд, бар замми ин каме одамгурез мешуморанд. Вале кадоме аз ин хислатҳо беҳтар аз дигарон шахсияти Амир Хонро ифшо кардан метавонад? Фикр мекунем, муҳимтар аз ҳама он аст, ки Амир тамоми ҳастияшро ба ҳунар бахшидааст.  Ӯ фидоии роҳи синамо аст. Ин аст, ки ӯ яке аз актёрҳои дӯстдоштаи синамои Ҳинд гардида, ба музди зиёдтарин барои ширкат дар филмҳо сазовор шудааст. Читать далее

Шаҳриёри Давлат: РӮЗИ 31 ДЕКАБР ИЗҲОРИ МУҲАББАТ КАРДАНИАМ

19-12-2013“Салом, кормандони “Дилкушо”. Аз Шумо хоҳиш дорам, ки дар бораи ҳофизи дӯстдоштаам ШАҲРИЁР ДАВЛАТОВ маълумот диҳед. НИГОРАИ шаҳритузӣ-95”.

Шаҳриёр Давлатов 7 сентябри соли 1991 дар ш. Душанбе, дар оилаи ҳунарманд Нусратулло Давлатов ба дунё омада, мактаби рақами 58-и пойтахтро хатм  кардааст. Ният дорад, ки соли оянда ба Донишкадаи  санъат дохил шавад. 6 албоми сурудҳояшро мураттаб карда, ба мухлисонаш пешкаш кардааст.  Шаҳриёр дар санаи 31 декабри соли 2013 дар Кохи Ҷомӣ консерт баргузор намуда, барои мухлисони хеш “сюрприз”-е  дорад. Читать далее

Зулайхо Маҳмадшоева: ”КАБУТАРАК” БА МАН БОЛУ ПАР БАХШИД”

18-07-2013Тӯли ҳафтаи равон номаҳои ба саҳифаи “Паём ба ситора”-и ҳафтаномаи “Дилкушо” ба унвони сарояндаи ҷавону умедбахш ва соҳиби сабку услуби ба худ хос Зулайхо Маҳмадшоева воридгардида водорамон намуданд, ки суолҳоро ба самъи ин бонуи нозанин расонда, посух бигирем. Ногуфта намонад, ки албоми нахустини Зулайхо бо номи “Механдам”, ки иборат аз суруду клипҳои тозаэҷод  аст, ҳафтае қабл пешниҳоди мухлисони ҳунараш гардид. Читать далее

Валиҷон Азизов: БА РӮЗНОМАНИГОРОН ГАПБОФӢ НАМЕЗЕБАД

Валичон - Марям

Валичон — Марям

Инсон дар зиндагӣ худ мӯъҷизаи нотакрори офаридаи Худованд аст. Аммо боз нафароне ҳастанд, ки бо рафтору кирдор ва рангу ҷилои ғайриоддии худ аз дигарон фарқ мекунанд ва байни мардум маҳбубияти хосаеро соҳиб гашта, онҳоро сӯяшон моил менамоянд. Валиҷон Азизов аз зумраи чунин ҳунармандонест, ки тӯли фаъолияти 11-солаи ҳунарии хеш садҳо нигоҳҳо ва ақлҳоро сӯяш хондааст. Читать далее

Амиша Пател: АНГУШТАРИИ НИКОҲӢ МЕХОҲАМ, АММО…

Амиша Пател - Чонибек Муродов

Амиша Пател — Чонибек Муродов

Вақте Амиша ба дунё меояд, падар мехоҳад ӯро Амина ном гузорад, бехабар аз он ки бонуи хонадон барои гулдухтараш аллакай номи Ашаро интихоб кардааст. Волидайни ҷавон ҳеҷ ба як хулосаи муайян омада наметавонанд ва оқибат ин ду номро якҷоя мекунанд, ки  дар натиҷа Амиша ҳосил мешавад. Ӯ ҳанӯз панҷсола буд, ки қадам ба саҳнаи рақс ниҳод. Читать далее

Баҳром Ғафурӣ: ЮСУФҶОН КӮДАКИИ МАРО БА ХОТИР МЕОРАД

Садое аз дур….

Махинбону - Бахром Гафури

Махинбону — Бахром Гафури

Ба гӯши модар аз дур садои сурудхонии Баҳроми хурдакак мерасид. Вақте думболи ин садо мерафт, медид, ки писараш хоб аст. Ӯ чандон аз он ҳайрон намешуд, ки писаракаш дар хоб низ аз мусиқии Аҳмад Зоҳир ҷудо нест, зеро меҳри ӯро ба ин ҳунарманд медонист. Ҳар вақте бародарон Анвар, Вайсиддин ва Баҳром хонаро танҳо меёфтанд, базм оғоз мешуд. Читать далее

Шабнами Тоҷиддин: МАН МОДАРИ САХТГИРАМ

Улугбек - Шабнам

Улугбек — Шабнам

Мусиқии таскинбахш касро аз панҷараи ранҷу озори зиндагӣ ва ғаму андӯҳҳо раҳо сохта, ӯро ба паррандаи озоде табдил медиҳад.  Бад-ин минвол панҷараҳо ҳама во шуданд, аммо ӯ ҳанӯз ҳам асири орзуҳост. Баҳори раҳгумзадаро меҷӯяд, варақ-варақ ба рӯи барги тозаи бирешимӣ, ба рӯи чашмҳои шумо ҳикоя иншо мекунад. Аз ҳикояи зебои дили Шабнами Тоҷиддин баҳри хонандаи хушбини “Дилкушо” чанде  қисса хоҳем кард. Читать далее

Фаридаи Бахтиёр: МИНБАЪД ТОҶИКӢ МЕПӮШАМ

Фарида - Голибчон

Фарида — Голибчон

-Имрӯзҳо продюсерии Фаридаро кӣ бар дӯш дорад?

-Айни замон продюсер  надорам, аммо дӯстони беҳтарине дорам, ки баҳри равнақи ҳунару эҷодам  кӯмаки  худро дареғ намедоранд. Миннатпазирам  аз эшон.

— Аз оғоз мехостед ба кӣ монанд бошед?

— Медонед, дар ҷодаи ҳунар идеали зиёд дорам. Хеле зиёд мехостам, ки мисли апаи Сурайё  Қосимова, Гугуш ва Аҳмад Зоҳир маҳбуби дили ҳамагон бошам.  Аммо мехоҳам сабку услуби хешро дошта бошам. Яъне ба касе тақлид накарда, танҳо ба худ монанд бошам. Читать далее

САИДА: “ШАХСЕ, КИ ДОРОИ РАФТОРИ НЕК, ГУФТОРИ НЕК ВА ПИНДОРИ НЕК БОШАД…”

Саида - Шон-МС

Саида — Шон-МС

-Саидабону, чаро яку якбора имиҷи худро иваз кардед? Шумо барои зебоии зоҳир заҳмати бисёр мекашед?

-Ҳар як сароянда дар талоши он аст, ки дар ҳар як клипаш ба таври дигар намоядбаҳри мухлисонаш мекӯшад, ки тафовут дошта бошад. Чун асри 21 аст ва ҳар як одам метавонад дар кораш як таҳавулоти нав пайдо кунад. Ба хотири суруду клипҳо дигар кардам. Аз он як саидаи ҷавон ба Саидаи мукаммал, ки устуворона гом мезанад дар ҷодаи ҳунар. Дар клипи Бачаи ғармӣ майда майда бисёриҳо пайхас карданд, ки ӯ куллан дигар шудааст. Барои ҳунарманд муҳим аст дигар шудан чун имрӯз бинандаи имрӯз хеле дигар шудааст. Читать далее

САДРИДДИН: ПИСАРАМ ОРЗУИ ФУТБОЛБОЗ ШУДАНИ МАРО АМАЛӢ МЕСОЗАД

Ба ҷойи сарсухан

Садриддин - Хайфа Вахби

Садриддин — Хайфа Вахби

Мактаби ҳунарии Садриддини Наҷмиддин сазовори омӯхтану ба ӯ пайравӣ кардан аст. Ба андешаи Шоираи Раҳимҷон бигзор дигарон бинишинанду аз Садриддин биомӯзанд хоксор буданро ва таҳаммул кардани он ҳама шӯҳратҳое, ки ба сари инсонӣ мерезад. Садриддин ҳунармандест, ки солиёни зиёд  рӯи саҳна мондагор аст . Читать далее

РУСТАМИ НУР: «АГАР ДАР ОИЛА МАРД САХТГИР НАБОШАД…»

Рустам - Манижа

Рустам — Манижа

17 декабри соли 1976 дар ноҳияи Хуросон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 16-и ҳамин ноҳияро хатм намуда, таҳсили худро дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода, дар шуъбаи актёр-режиссёри драма ва кино давом додааст. Фаъолияти ҳунарии худро ба ҳайси актёр дар театри «Оина» оғоз кардааст. Читать далее

МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ: ТОБИСТОН БАРОЯМ ФАСЛИ САФАРҲО БУД

Мехрнигор - Акшай

Мехрнигор — Акшай

Меҳрнигори Рустам 12 октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст.  Ин духтари наҳифпайкари нозукадо бори нахуст соли 2000 дар озмуни «Ғунчаҳои умед» бо суруди “Куртаи чакани ман” рӯи саҳнаи бузург омад ва маҳз аз иштирок дар ҳамин озмун ғунчаи умеди Меҳрнигор ба шукуфтан сар кард. Читать далее

СУРУШ ХОЛОВ: АГАР ДӮСТОНАМРО НОМБАР КУНАМ, САФҲАИ ШУМО НАМЕРАСАД

Суруш - Рия Сен

Суруш — Рия Сен

Суруш Холов бо лаҳни гуворову ба худ хосаш дерест, ки дилу дидаҳои мардуми ҳунардӯстро тасхир намудааст. Номаҳои пур аз меҳру ихлоси хонандагони ҳафтаномаи мо гувоҳи ин суханонанд. Мо намунае аз номаҳои сершуморро пешкаши Суруш намуда, посухашро бо меҳру ихлос пешниҳоди хонандагони хеш мегардонем. Читать далее

ВАЛИҶОН АЗИЗОВ: ШӮҲРАТ БАРОЯМ ОСОН БА ДАСТ НАОМАДААСТ

Ноздонаи хонадон

Ненси Ачрам - Валичон Азизов

Ненси Ачрам — Валичон Азизов

Табиати биҳиштосову афсункори кӯҳистон, боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш ва обҳои софу зулоли деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ  ба ӯ накҳату ғановати афзун бахшида, садои форамаш ато кардаанд. “Ӯ аз хурдӣ ноздонаи хонадон, писари кенҷагии оила  буд.  Ҳама ба суханҳояш гӯш медоданд. Падар ба хона бозичаву ҳар гуна тӯҳфаҳо меоварданд, мошини аз ҳама зебову калон насиби Валиҷони эркаю чарогӯяк мегардид”, — нақл мекунад бародараш Абдуҷалил Азизов. Читать далее

«ИШҚ ВА ҶАЗО»-И ЗИНДАГИИ НУРГУЛ ЕШИЛЧАЙ

Нургул Ешилчай - Сирочиддин Фозилов

Нургул Ешилчай — Сирочиддин Фозилов

Нургул Ешилчайро тамошобинон дар силсилафилми туркии «Ишқ ва ҷазо» дар нақши Ясмини нилгунчашм дида мафтуну шефта гардиданд.  Дар ин филм Ясмин дар арафаи ҷашни арӯсиаш азизи дили хешро бо каси дигар дида, дилаш аз зиндагиву ишқу муҳаббат сард мегардад. Читать далее

АСАЛ ШОДИЕВА: БО МУҲАММАДҶОН РАҲМОНОВИ ТОҶИК БА АВРУПО МЕРАВАМ

Асал Шодиева - Мухаммадчон Рахмонов

Асал Шодиева — Мухаммадчон Рахмонов

Ҳунарманди ҷавони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асал Шодиева 19 апрели соли 1992 дар ш. Тошканд ба дунё омада, мактаби миёнаро низ дар ҳамин шаҳр ба итмом расондааст. Ҳангоми наврасиаш дар ансамбли бачагонаи “Настарин” фаъолият намуда, соли 2005 дар фестивал озмуни “Янги авлод” иштирок намуд ва сазовори ҷои намоён гашт. Читать далее

Ҷонибек Муродов: КОНСЕРТИ ЯКҶОЯ БО АНДӢ ОРЗУИ БАЧАГИИ МАН БУД

02-05-2013— Гуфтугӯямонро аз як паёми хонанда мехоҳем шурӯ кунем: “Ман саломи худро ба сарояндаи писандидаам Ҷонибек Муродов мерасонам, мехоҳам бо он кас шинос шавам. Илтимос, рад накунед. Мунтазири посухи неку гувороятон ҳастам. Мухлиси ашаддии шумо Шаҳзода”.

-Хоҳари азиз Шаҳзода, ман ҳамаи мухлисонамро дӯст медорам ва зимни консерту вохӯриҳо ҳамеша бо онҳо дар тамос гашта, ба саволҳояшон посух хоҳам дод. Агар насиб бошад, бо шумо низ, Худо хоҳад, шинос хоҳем шуд албатта. Читать далее

Дилноза Каримова — Муҳаммадҷон Раҳмонов

Дилноза Каримова: ДИЁРБЕКИ МАН ЯКСОЛА ШУД

Дилноза Каримова Муxаммадчон Раxмонов 1Моро иттифоқ афтод, ки бо Дилноза Каримова ҳангоми нав аз Хуҷанди бостон ба пойтахт омаданаш вохӯрда, сӯҳбате биороем. Мӯҳтавои он сӯҳбати гувороро пешкаши хонандагони “Дилкушо” мегардонем.

-Салом, Дилнозабону. Хуш омадед. Чӣ гуна то Душанбе расидед? Мебинам, ки танҳо нестед, Шуморо модар ва шоҳписаратон ҳамроҳӣ мекунанд. Диёрбек хеле зебояк, аз ҳозир Шуморо танҳо гузоштанӣ нест, ба фикрам? Аллакай “оча” мегӯяд? Читать далее

Зайнура Пӯлодова: “ДАР РӮЗИ ХАНДА КИРО ФИРЕБ НАДОДААНД? ”

Зайнура МансурЗайнура Пӯлодова 30 августи соли 1982 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи марди ҳунар Ҳотами Пӯлод чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст ва тамоми тору пудашро меҳри ҳунар ғановату нерӯи тоза бахшидааст. Ҳар он меҳру муҳаббате, ки аз волидон ба мерос гирифтааст, ба ду ҷигарбанди дугоникаш Сомеъа ва Сония ҳадя месозад. Ӯ дар олами мусиқӣ ба воя расида, илҳоми аввалини хешро зери навои мусиқии аз зери дастони пурҳунари падар танинандозшаванда гирифтааст. Зайнура ба атроф бо назари дигар нигариста, ҷаҳони ботиниаш бо ҳунар сахт марбут аст. Ва ӯ ин меҳру ихлоси нисбати ҳунар доштаи хешро ҳадяи ҳаводорони хеш месозад. Читать далее

Зулайхо Маҳмадшоева ва Суруш Холов

Зулайхо Маҳмадшоева: АЗ СОЛИ СИПАРИГАШТА ҚАНОАТМАНДАМ

Зулайхо СурушҲамарӯза ба ҳафтаномаи мо номаҳои зиёде ба унвони ҳунармандон меоянд. Ҳаводорони ҳунари онҳо ҳамеша мехоҳанд, ки аз ҳаёти шахсӣ ва нақшаҳои тозатарини ҳунарманди писанди дилашон огоҳ бошанд. Зулайхо Маҳмадшоева аз зумраи сарояндаҳоест, ки мухлисон зиёд суроғашон мекунанд. Мо номаҳои мухлисони азизи худро ба сарояндаи ҷавону умедбахш расонида посухҳояшро гирифтем. Гарчанде ки ӯ низ мисли ҳамаи ҳунармандон хеле серташвишу сертараддуд буд ва лаҳзае вақти дар ихтиёрдоштааш барои ӯ арзиши бисёр дошт, аммо натавонист суолҳои мухлисони хешро сарфи назар кунад. Читать далее

Наимҷони Саидалӣ: ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ МАЪРАКА ДОРАМ

02-01-2014Садои дилангези Наимҷони Сайдалӣ кайҳост, ки дили мухлисон ва хоса модаронро тасхир кардаву ӯро маҳбуби дилҳояшон гардондааст. Номаҳои ба ҳафтаномаамон расида водорамон намуданд, ки дар ҷустуҷӯи Наимҷон гашта, посухи суоли мухлисонашро гирем. Ӯ ба консерти дар пешистодааш, ки рӯзи 31 декабр дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад, омодагӣ медиду фурсати каме дар ихтиёр дошт. Аммо ба хотири хонандагони азизи ҳафтаномаи “Дилкушо” ӯ пораеро аз ҳамин вақти гаронбаҳои хеш ҷудо намуда ба идораи ҳафтанома омад ва ба мухлисонаш паёми меҳрубониашро эҳдо намуд. Читать далее

ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА: “МЕХОҲАМ АЗ МАРДУМИ БАДКИНА ДУР БОШАМ ”

Фируза Хафизова

Фируза Хафизова

Фирӯза Ҳафизова соли 1984 дар шаҳри Қурғонтеппа чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Дар байни фарзандони падар, яъне   бародараш   Ҷамшед ва хоҳаракаш  Мавлуда, танҳо Фирӯза дар ҷодаи ҳунар қадам ниҳода муваффақ гаштааст. Соҳиби як духтарчаи нозанине бо номи  Шаҳзода аст. Барои хонандагони имрӯза бештар дар бораи  ҳаёти оилавии ҳунармандон шунидан шавқовартар аст. Дар саҳифаи Садои дил ва Паём ба ситора хонандагони ҳафтаномаи “Дилкушо” хеле зиёд нома навишта хоҳиш кардаанд, ки бо сарояндаи маҳбуби дилашон ҳамсӯҳбат гардида, онҳоро аз розу ниёзҳояш огоҳ созем.

Читать далее

НИГИНА АМОНҚУЛОВА: “МОДАРАМ КЕЛИНИ ДӮСТДОШТАИ БИБИАМ ҲАСТАНД”

Нигина Амонкулова

Нигина Амонкулова

Ман ҳам мисли шумо хонандагони азиз, як тан мухлиси садову симои  нозанини Нигина Амонқулова ҳастам ва хеле хуб медонам, ки ӯ ба муаррифӣ ниёз надорад. Номаҳои пур аз меҳри хонандагони ҳафтаномаи мо гувоҳи онанд, ки Нигина сарояндаи беҳамтост ва дар саҳнаи ҳунар бо лаҳни ширину гуворо ва садои нотакрораш беназир аст. Инак, ба ҷои муаррифӣ намунае аз он номаҳои самимонаи ҳаводорони Нигина Амонқуловаро меорам.

  Читать далее

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД: АГАР ЗИНДАГӢ БОРИ ДИГАР ТАКРОР МЕШУД…

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Садои Фарзонаи Хуршед мисли чеҳраи нафисаш маҳину гуворо аст. Ӯ аз зумраи он сарояндагонест, ки ҳастиву вуҷудашро зевари ҳунар оро дода садояш пурэъҷоз аст. Шунаванда агар лаҳзае суруди ӯро бишнавад, дунёро бо ҳама гиру дораш фаромӯш месозад ва ба дунёи ӯ ворид мегардад. Ва он гоҳ эҳсос мекунад, ки ин овоз пурэъҷозу афсунгар, гӯшнавозу таскинбахш аст… Мо бо хоҳиши хонандагони бешумор ва мухлисони асили Фарзона бо ӯ ҳамсӯҳбат гардидем ва инак фишурдаи сӯҳбатамонро пешкаши шумо месозем. Читать далее

Фарзонаи Файз: МАНУ КОМИЛҶОН ХУШБАХТЕМ

 

Фарзонаи Файз

Фарзонаи Файз

Пас аз иҷрои нақши асосӣ дар филми “Беҳуда хорам мекунӣ”-и Талабшо Муқимов мардум Фарзонаи Файзро барои худ дарёфт ва ӯро ҳамчун ҳунарманди соҳибкасб эътироф кард. Гарчи ӯ алҳол актрисаи ҳирфавӣ нест, вале дар дили мардум дар филми мазкур нақши духтараки соддадили деҳотиро хеле самимона бозида, тавонист тамошобинро ҳам гирёнад ва ҳам дар қалбҳояшон ҷой бигирад. Фарзона худ чеҳраи нозанину беғубор ва нигоҳи пурмеҳри тоҷикона дорад. Хонандагони ҳафтаномаамон занг зада донистан мехостанд, ки оё рост аст, Фарзона дар филми тозатарине нақш офаридааст ва гӯё аз шавҳараш ҷудо шудааст. Барои посухи ин суолҳо ба ин духтари хуршедсимо занг зада ҳамсӯҳбат гардидем ва хоҳишу дархостҳои ихлосмандонашро расонида посух гирифтем. Читать далее

ҲАБИБА ДАВЛАТОВА: «МАРО ЗЕБУННИСО МАШҲУР КАРД»

Хабиба Давлатова

Хабиба Давлатова

Ҳабиба Давлатова аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки бо садои дилпазиру рӯҳнавозаш ба дилу дидаҳои ҳаводоронаш ҷой гирифтааст. Ҳабиба ба тамоми буду набуди зиндагӣ бо нигоҳи шукрона менигарад. Албоми нахустини сурудҳои ӯ бо номи «Рӯйи аз ёд рафта» соли 2007 пешкаши мухлисон гардида, ӯро маҳбуби дилҳояшон гардонида буд ва «Ашки ман»-и ӯ соли 2011 мухлисони асилашро боз ҳам мафтунтар сохту водор намуд, ки ҳамроҳи ӯ ашк бирезанд. Зеро он садои дили ин бону бо тамоми ҳастӣ ва самимияти беандоза таҳия гашта буд. Инак, бо хоҳиши ихлосмандони ҳунари ӯ, ки ҳамзамон хонандагони азизи ҳафтаномаи мо ҳастанд, тасмим гирифтем бо ин бонуи ҳунар дар тамос гардида сӯҳбате биороем ва онро бо ихлосу меҳрубонӣ пешкаши онон мегардонем.

  Читать далее

Тахмина Ниёзова

Тахмина Ниёзова

Ин чеҳраи гарму ошно имрӯзҳо дар дилу дидаҳои хурду калон ҷой гирифта, санъату ҳунари моро ба ҷаҳониён муаррифгар аст. Кадом вақте ба ӯ занг мезанам, аз ҳарфҳои самимияш  ва лаҳни шевою ширинаш дилам лабрези фараҳ мегардад ва мехоҳам соатҳои дароз ин сӯҳбати гувороро давом диҳам. Ӯ бо вуҷуди ҳамеша серташвишу сертараддуд буданаш барои посухи саволҳоям вақт ҷудо мекунад. Ин навбат низ вақте занг задам, Таҳмина Ниёзова,, ин ҳунарманди ҷавону шӯҳратёр барои ширкат дар фестивали умумиҷаҳонии мусиқӣ, ки дар давлати Монтенегро баргузор мегардад, омодагӣ медид ва аз маҳдуд будани имконияташ ҳарфе ба забон наовард ва ин сӯҳбати пурғановатро барои хонандагони ҳафтаномаамон пешкаш гардондам.

Читать далее

САИДАИ СИРОЧИДДИН: “ШАВҲАРДОР МАШҲУР НАМЕШАВАД”

Саидаи Сирочиддин

Саидаи Сирочиддин

Байту рубоиҳое, ки Саидаи Сироҷиддин интихоб мекунад, гувоҳи онанд, ки дили нозукписанд ва завқи баланд дорад. Ва мардум низ ин ҳунарманди ҷавону хушзавқро барои чунин рафтораш маҳбуби дили хеш кардаанд. Сурудҳои халқӣ ҳанӯз аз айёми кӯдакӣ дар зеҳни ӯ лона доштаанд ва дар айёми наврасӣ ҳастияшро фаро гирифтанд. Саидабону бо вуҷуди як нафар духтари соҳиби садои махмалин будан, инчунин духтари кушодадилу хушсӯҳбат аст. Он чӣ, ки дар дил дорад ба забон меорад ва ҳарфи дурӯғро барои худ раво намедорад. Хонандагони кунҷкоби ҳафтаномаи мо мехоҳанд донанд, ки ин сарояндаи писанди дилашон чӣ табъу завқе дорад ва бештар аз ҳама чиро меписандад. Барои иҷрои талаби онҳо бо Саидаи Сироҷиддин сӯҳбате ороста, фишурдаи онро пешкашашон месозем.

  Читать далее

МАНИЖА ВА САҲНА

Манижаи Давлат

Манижаи Давлат

Бо вуҷуди муддати зиёд дар рӯйи саҳнаи  ҳунар  набудан Манижа он ҷаззобияту маҳбубияти хешро байни мухлисони ҳунари хеш аз даст надодааст. Зеро ӯ ба қадри ҳунари хеш мерасид ва ҳар суруди камарзишро замзама  намекард. Барои ҳар як суруд ӯ хеле зиёд заҳмат мекашад, то ки ба дили мардумон наздику қарин бошад. Аз ин хотир ҳар як суруди ӯ мисли як бозёфти нодир ҳамаро моту маҳбут мекарду мекунад.  Ё ба гуфти  худи Манижа : ” Вақте ман сурудеро интихоб мекардам, ҳеҷ гоҳ саросема намешудам. Он суруд муддате дар ниҳонхонаи қалби ман маскун мегашт. Он дар ниҳоди ман зиндагӣ мекард ва шарики ғаму шодиям буд. Ман онро муддатҳо дар андешаҳоям таҳлил мекардам.  Ман аз суруду суруд аз ман мешуд ва сипас он рӯйи кор меомад. Ба андешаи ман чунин суруд умри абадро дорад.

Читать далее